Дар Бадахшон сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

0
152

Дар Бадахшон сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимол шабонарӯзи наздик дар Бадахшон ва роҳҳои нақлиётгарди Душанбе – Хуҷанд ва Нуробод – Тавилдара тарма фарояд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  камабри бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Источник: sputnik-tj.com