Дар Бадахшон духтарон рӯ ба шуғлҳои ғайримуқаррарӣ меоранд

0
157

Дар Бадахшон духтарон рӯ ба шуғлҳои ғайримуқаррарӣ меоранд

ХОРУҒ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби занону духтарони бешуғл  ба  барномаи намунавии баробарии гендерӣ ва омӯзиши ихтисосҳои ғайрианъанавӣ бо як гурӯҳ занону духтарони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доир ба паҳлуҳои гуногуни Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва муҳайё намудани шароит барои омӯзишу такмили касб  мубодилаи афкор сурат гирифт. Мутахассис оид ба гендер ва омӯзиш Маърифат Шокирова гуфт, ки «лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, муҳлати амалисозии он барои се сол пешбинӣ шудааст. Давоми ин солҳо бояд 2 ҳазор нафар  занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд ба омӯзиши касбҳои ғайрмуқаррарӣ, ба монанди дуредгарӣ, кафшергари газиву барқӣ, ронандагӣ ва амсоли инҳо ҷалб карда шаванд. Ҳар моҳ ба онҳо дар ҳаҷми 30 доллари амрикоӣ мутобиқи қурби муайяншуда идрорпулӣ дода мешавад. Се моҳ дар дарсҳои назариявӣ ширкат мекунанд ва баъд аз он  барои дар амал татбиқ кардани дониши назариявии худ ба корхонаҳои саноатӣ фирстода мешаванд. Дар ин ҷо онҳо бо идрорпулӣ таъмин мегарданд».

Бартарии ин лоиҳа боз дар он аст, ки мутобиқи шартнома байни муҳассилин, литсей, корфармо ва гурӯҳи идоракунӣ пас аз ба итмом расидани таҳсил корфармо муваззаф аст хатмкунандагони давраи омӯзиширо бо кор таъмин намояд.

Муовини раиси вилоят Анвар Имматшоҳзода гуфт, ки «Маркази таълими калонсолони ҷумҳурӣ дар вилоят барои хоҷагии халқ 52 номгӯй ихтисосҳоро омода мекунад, аммо сарфи назар аз ин ҳанӯз дар корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ мутахассисони техникӣ намерасанд. Ба ҷуз ин теъдоди зиёди духтарон мехоҳанд, ки дар сохтмону таъмири биноҳо кор кунанд, аммо бо нозукиҳои касби бинокорӣ шинос нестанд.  Лоиҳаи мазкур ба онҳо имконият медиҳад, ки касби дилхоҳро аз худ карда, аз паи он ризқу рӯзии худро пайдо намоянд».

Муовини раиси вилоят аз масъулини лоиҳа хоҳиш намуд, ки ҳангоми интихоби донишомӯзон вазъи иҷтимоии онҳо ба назар гирифта шавад.

Источник: khovar.tj