Дар Қазоқистон автобус бо 45 шаҳрванди Тоҷикистон ба садама дучор шуд

0
111

Дар Қазоқистон автобус бо 45 шаҳрванди Тоҷикистон ба садама дучор шуд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал, соати 20:00 дар шоҳроҳи Қарабутак-Қустанайи вилояти Октюбини Қазоқистон автобус бо 45 мусофир аз Тоҷикистон ба садама дучор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

Автобуси «Икарус» ба канори роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар автобус 48 нафар, аз ҷумла се ронанда аз Қазоқистон ва 45 шаҳрванди Тоҷикистон аз Шимкент ба самти Екатеринбург раҳсипор буданд.

«Дар натиҷаи садама касе осеб надидааст. Бо мусоидати полиси навбатдор ва департаменти ҳолатҳои фавқулода мусофирон ба макони будубоши муваққатӣ расонида шуданд. Шуъбаи полиси вилояти Октюбинск зарурати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин ҳангоми сафар дар роҳҳои берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин ба инобат гирифтани шароити роҳу метеорологиро ёдрас месозад», — гуфт котиби матбуоти ДП Ерболат Саркулов.

                                                                         АКС аз сарчашмаҳои дастрас

Источник: khovar.tj