Дар ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 то нисфирӯзӣ 73 ҳазору 473 нафар интихобкунандагон овоз доданд

0
68

Дар ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 то нисфирӯзӣ 73 ҳазору 473 нафар интихобкунандагон овоз доданд

ФАЙЗОБОД, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз сокинони шаҳри  Роғун,  ноҳияи Файзобод ва ҷамоатҳои деҳоти Б. Бурунов, А.Абдулвосиев, Сафедчашма, Комсомолобод, Ҳакимӣ ва Муҷихарфи ноҳияи Нуробод ва шаҳри Ваҳдат бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ба таври  фаъолона ба учаскаҳои интихоботӣ ҳозир гардида,  ба тарфдории вакилон овоз доданд.

Сокини шаҳри Роғун Ҳавасмох Комилзода мегӯяд, ки “интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ як қисми муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатсози худро бо баёни чанд нукта дар мавриди интихобот зоҳир намуданд. Манфиати халқи тоҷик дар ин чанд нукта сароҳатан баён гардид. Ин аз ҳамаи мо, шаҳрвандон ва ашхоси масъул тақозо менамояд, ки муносибати ҷиддии худро нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ зоҳир намоем. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар Парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ- гарави пешрафти ҳамаҷонибаи ватани маҳбуби мо мебошад. Хушбахтона, имрӯз аз ширкати зиёди сокинон маълум мегардад, ки шаҳрвандони шаҳри Роғун барои интихоби вакили худ дар ин чорабинии сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳм мегузоранд”.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии №11 Зиёратшо Акрамзода иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  111 участкаи интихоботӣ пурра  омода буда, имрӯз дар хизмати интихобкунандагон қарор доранд.  Дар ҳавзаи интихоботии Файзобод №11, 148 ҳазору 281 нафар интихобкунандагон   ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки аз ин 6724 нафар  ҷавонон буда, бори аввал овоз медиҳанд.  Тибқи иттилои манбаъ, интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботии   ноҳияҳои Файзободу Нуробод ва шаҳрҳои Ваҳдату Роғун  фаъолона иштирок намуда истодаанд, ки дар натиҷа то нисфирӯзӣ 73 ҳазору 473 нафар интихобкунанда овоз доданд.

Гуфта мешавад, ки то анҷоми овоздиҳӣ интихобкунандагон пурра дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок менамоянд.

Источник: khovar.tj