Дар Қатар Толибон ва ИМА созишномаи сулҳ имзо карданд

0
84

Дар Қатар Толибон ва ИМА созишномаи сулҳ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа намояндагони ИМА ва гурӯҳи Толибони Афғонистон (мамнӯъ дар Тоҷикистон, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») дар ҳузури нозирон созишномаи таърихӣ имзо карданд, ки ба хотима бахшидан ба низои мусаллаҳона дар Афғонистон, ки тақрибан 20 сол боз идома дорад, нигаронида шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс» хабар медиҳад.

Дар маросими баимзорасонӣ намояндагони тақрибан 30 давлат ва инчунин Дабири кулли СААШ (НАТО) Йенс Столтенберг иштирок доштанд.

Ба иттилои ВАО-и Афғонистон, Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ ба пойтахти Қатар омада буд.

Тавре дар эъломияи ба ВАО-и Ғарб дастрасгардида гуфта мешавад, ИМА ва шарикони онҳо дар ҳайати намояндагии СААШ дар Афғонистон ҳамаи неруҳои худро аз ҳудуди ин кишвар давоми 14 моҳ бо шарти риояи созишномаи мазкур аз ҷониби Толибон ихроҷ хоҳанд кард.

Тибқи шартҳои дар эъломия пешбинишуда, аввалан теъдоди артиши хориҷӣ дар Афғонистон дар муддати 135 рӯз аз лаҳзаи имзои созишнома дар Давҳа то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода мешавад.

Дар эъломия инчунин омадааст, ки дар натиҷа ИМА ва шарикони онҳо «хуруҷи пурраи неруҳои боқимонда дар Афғонистонро давоми 14 моҳ ба анҷом мерасонанд ва тамоми қувваҳои худро аз пойгоҳҳои боқимонда берун мекунанд».

Давоми ҳафтаи охир дар Афғонистон низоми коҳиш додани зӯроварӣ, ки ба низомиёни ИМА, Толибон ва неруҳои Афғонистон вогузор гардидааст, нигоҳ дошта мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, аз 22 феврал, вақте ин низом ба сари қудрат омад, шумораи ҳодисаҳои амниятӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Музокироти ИМА бо Толибон

Музокироти мустақим байни ИМА ва Толибон соли 2018 оғоз ёфт.

Раванди гуфтушунид муддати зиёд амалан бесамар буд ва моҳи сентябри соли гузашта президенти ИМА Доналд Трамп ҳатто изҳор дошт, ки музокирот бо гурӯҳ «мурда»-анд.

Аммо моҳи январ исёнгарон изҳор карданд, ки онҳо ба имзои созишномаи сулҳ бо ИМА умед доранд ва гуфтанд, ки лоиҳаи созишнома аллакай омода аст. ИМА аз толибон талаб кард, ки омодагии худро барои коҳиш додани шиддати амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон дар амал нишон диҳанд.

ДАР АКС: Роҳбари ҳайати толибон Мулло Абдуллоҳ Ғанӣ Бародар ва Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод ҳангоми имзои созишнома дар Давҳа. Акс аз Рейтер

Источник: khovar.tj