Дар Ашқобод байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд

0
149

Дар Ашқобод байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Ашқобод байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот мавзӯъҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, масъалаҳои такмили заминаи ҳуқуқии дуҷониба, инчунин ҳамкории хадамоти консулӣ баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда баргузор гардид.

АКС: ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj