Дар Антарктида аз ҳисоби ҳарорати баланд барф зуд об мешавад

0
116

Дар Антарктида аз ҳисоби ҳарорати баланд барф зуд об мешавад

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба ҳарорати баланде, ки дар Антарктида ба қайд гирифта шуд, тақрибан 20% қабати барфии ҷазираи Игл об шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба CNN.

Дар аксҳои нави моҳворавие, ки NASA пешниҳод намудааст, ҷазираи Игл, ки дар самти шимолу шарқи Антарктида воқеъ аст,   дар оғоз ва охири гармои антарктикӣ тасвир шуда, моҳи феврали соли 2020 ба қайд гирифта шудаанд. Аксҳо рӯзҳои 4 ва 13 феврал гирифта шудаанд. Дар акси  дуюм ба таври возеҳ маълум аст, ки  қисми зиёди заминҳои зери яхбандӣ мондаи ҷазира кушодаанд ва дар рӯи замин чашмаҳои об мавҷуданд. Давоми нуҳ рӯз тақрибан 20 фоизи миқдори умумии барфҳои мавсимӣ дар ҷазираи Игл об шудаанд.

“Ягон маротиба то ҳол дар Антарктида барф бо чунин шиддат об нашудааст. Чунин шиддати обшавии барф қаблан дар Аляска ва Гренландия мушоҳида мешуд, аммо он ба Антарктида хос нест”, -мегӯяд геологи амрикоӣ Маури Пелто.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки  9 феврал дар ҷазираи Сеймур ҳарорати 20,75 дараҷа сабт шудааст. Тибқи иттилои NASA, худи ҳамон рӯз чунин ҳарорат дар Лос-Анҷелес низ ба мушоҳида расид.

Источник: khovar.tj