ДАР ҲАМИЯТ БАР ЗИДДИ COVID-19 ЗАФАР ХОҲЕМ ЁФТ! Ширкати «Авесто Гурӯҳ» ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ ба Вазорати тандурустӣ маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ дастрас намуд

0
39

ДАР  ҲАМИЯТ БАР ЗИДДИ COVID-19  ЗАФАР ХОҲЕМ ЁФТ! Ширкати «Авесто Гурӯҳ»  ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ ба Вазорати тандурустӣ маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ  дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 18.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ»  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи доруворӣ, аз қабили антибиотикҳо, доруҳои зиддивирусӣ, витаминҳо ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ  дастрас гардонида шуд.

Шумораи умумии маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ зиёда аз 30 номгӯй буда, 350 ҳазор бастаро дар бар мегирад. Арзиши он беш аз 3,4 миллион сомонӣ мебошад.

Зимни тақдими маводи мазкур  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои дастгирии пайвастаи соҳа ба Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» изҳори сипос намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маводи дорувории дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб, пешгирӣ  аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва табобати беморон ниҳоят муҳим ба ҳисоб мераванд.

Доруворӣ ва лавозимоти тиббие, ки  ба вазорат дастрас шуданд, дорои сифати баланд ва сертификатҳои зарурӣ буда, аз истеҳсолкунандагони Франсия, Слования, Россия, Ҳиндустон, Беларус, Украина ва Чин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас   оварда  шудаанд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ ситодҳои махсус оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, онҳо ба таври доимӣ фаъолият менамоянд.

Дар пойтахти мамлакат низ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, беморхонаҳои нав бунёд карда мешаванд ва тамоми сохторҳои масъули шаҳрӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда, дар иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматӣ ба таври доимӣ тадбирҳои безараргардонӣ  ҷараён доранд.

Ширкати «Авесто Гурӯҳ» аз рӯзҳои аввали муайян гаштани мавҷудияти сирояти коронавируси нави COVID 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ лавозимоти тиббӣ ва маводи дорувориро дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ройгон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дастрас намуд.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли равон низ  ширкати мазкур ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 53 ҳазору 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ, айнакҳои ҳимоякунанда, дастпӯшакҳо, ниқобҳои махсуси пластикӣ ва муқаррарии муҳофизатӣ дастрас намуда буд.

 

 

Источник: khovar.tj