Дар ал-Кувайт зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

0
197

Дар ал-Кувайт зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар доираи ташаббуси марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021, ҷалби сайёҳон, муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар яке аз мехмонхонаҳои ал-Кувайт Форуми сайёҳӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар форуми мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба суолҳои хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар Форуми мазкур муовини Вазири иттилооти Кувайт Муҳаммад Юсуф Мустафо Абдулло, намояндагони ВАО ва ширкатҳои гардишгарӣ иштирок намуданд.

АСК: ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj