Дар Академияи ВКД масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро муҳокима шуд

0
164

Дар Академияи ВКД масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва сохти конститутсионии мамлакат, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро муҳокима гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи ВКД хабар медиҳад, масъалаи мазкур зимни баргузории як ҳамоиши илмиву таҳлилӣ баррасӣ гардида, ҳадаф аз он таҳлили муҳимтарин нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мебошад.

Тавре  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мубориза бо ин зуҳурот ҳукуматдоронро ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир водор месозад.

«Бо ин мақсад дар мамлакати мо «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгарой барои давраи солҳои 2016-2020», «Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» ва ниҳоят Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул ва татбиқ карда шуданд», — зикр шуд дар ҳамоиш.

Ба иштирокдорон оид ба мавзӯъи ҲНИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки ТТЭ ҲНИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо роҳҳои пинҳонӣ таъсис дода шуда, баъдан солҳои 90 –ум бо дастгирии давлатҳои хориҷӣ дар байни ҷомеа равнақ ёфтааст.

Соли 2015 дар асоси гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва ташкилоти террориству экстремистӣ эълон гардид.
Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Ҷумҳурии Тоҷикистн Фирӯзи Маҳмадулло зикр намуд, ки яке аз роҳҳои шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ- ин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
«Гурӯҳҳои террористӣ маҳз таввасути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ шаҳрвандонро бо роҳи фиреб ба сафи худ ҷалб намуда, ба ин васила ҳадафҳои нопокашонро амалӣ менамоянд»,- афзуд мавсуф.

Маҳз аз ин хотир, — ёдовар шуд Фирӯзи Маҳмадулло, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили амиқ ва дуринонаи вазъ зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳор доштанд: «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

Изҳори итминон карда шуд, ки тадбирҳои андешидашуда вазифаву ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян намуда, шаҳодати идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин, пойдорӣ ва гиромидошти  истиқлолият, озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистон мебошанд.

Источник: khovar.tj