Дар Афғонистон ҳолати аввали сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

0
151

Дар Афғонистон ҳолати аввали сироятёбӣ аз коронавирус  ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Афғонистон  аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси нав ба қайд гирифта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора  рӯзи душанбе шабакаи телевизионии Афғонистон 1TV  бо истинод ба вазири тандурустии кишвари номбурда Фирозуддин Фероз иттилоъ додааст.

Вазир гуфт, ки «нахустин сирояти коронавирус дар Афғонистон дар музофоти Ҳирот, ки он дар шимолу ғарби  ин кишвар ҷойгир аст, тасдиқ шудааст»,-  хабар медиҳад «Арменпресс «бо истинод ба ТАСС.

Дар вилоят  вазъияти фавқулода эълон шудааст, илова намуд  Фероз. Ғайр аз ин, тибқи суханони вазир,  кумитаи амнияти миллӣ дастур додааст, ки ҳаракат дар роҳҳои заминӣ  ва ҳавоӣ аз Ҳирот ба Эрони ҳамсарҳад  боздошта шавад.

Источник: khovar.tj