Дар ҷаҳон аз коронавирус 4,2 ҳазор одам фавтида, 65,7 ҳазор нафар шифо ёфтаанд

0
265

Дар ҷаҳон аз коронавирус 4,2 ҳазор одам фавтида, 65,7 ҳазор нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи одамоне, ки аз бемории коронавирус дар ҷаҳон  фавтиданд, ба 4284 нафар  расидааст. Дар ин бора дар харитаи онлайнии таҳиякардаи олимон гуфта шудааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Кабар».

Зикр шуд, ки дар маҷмӯъ, 119 086  нафар сироят ёфта, то имрӯз 65 762  одам сиҳат шудаанд.

Шумораи зиёди фавтидагон аз COVID-19-   3148 нафар аз Чин ҳастанд, дар ҳоле ки 3046 нафари он аз музофоти Хубей мебошанд.

Баъдан,  дар мақоми дуюм Италия  бо 631, Эрон бо 291, Кореяи Ҷанубӣ – 54, Испания- 35, Франсия- 33, ИМА бо 28 нафар ҷой гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, коронавирусро дар 114 давлати олам ошкор сохтаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус  сабт нашудаанд. Вазъият дар Қазоқистон, Ӯзбекистон  ва Қирғизистон низ чунин аст.

 

Источник: khovar.tj