Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд

0
132

Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни  танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзи аввали моҳи апрел аз ҷониби кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад, дар ин муддат асосан муқаррароти моддаи 10-и Қонуни миллӣ ба қайд гирифта, нисбат ба ҳолатҳои ҷойдошта санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

«Новобаста аз анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шаҳрвандони мамлакат талаботи қонунгузориро дар вақти анҷом додани ҷашну маъракаҳо ба назар намегиранд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Вақтҳои охир риоя нагардидани талаботи моддаи зикршуда бештар ба назар мерасад, ки гузаронидани маросими қайди давлатии ақди никоҳро дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 мошини сабукрав муайян намудааст.

Зимнан, соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси пешниҳодҳои сершумори аҳолӣ  бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, Қонуни миллӣ қабул гардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки тӯли 10 соли амалигардии ин қонун муносибатҳои иҷтимоии маросимӣ дар мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар амалигардии ҳадафҳои он аҳли ҷомеа нақши ҳалкунанда гузоштанд. Яъне дар ин муддат аҳли ҷомеа анъанаҳои гузаштагони худро эҳё намуда, аз худнамоиву хурофотпарастӣ даст кашиданд. Мақсади асосии Қонун ҳам ҳамин буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми мамлакат аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Нишондиҳандаҳои хуби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки расидан ба он ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон дод, ки сатҳи некӯаҳволии мардум ба андозаи муайян боло равад.

Муҳимияти Қонуни миллӣ дар он ифода меёбад, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи он ба ҷониби Тоҷикистон дархост ирсол намуданд ва иддае аз ин мамлакатҳо аз он баҳраманд низ гардиданд.

Аз ин метавон хулоса кард, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур дурбинона буда, дар хориҷи мамлакат низ мавриди эътироф қарор гирифт.

11 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти  комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар лоиҳа якчанд меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.

Инчунин лоиҳаи нав як зумра муқаррароти иловагиро муайян намуд, ки ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шуда буд.

Маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки дар даҳ соли татбиқи Қонуни миллӣ беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Тибқи таҳлилҳо, аксари  мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар  шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.

Аз ин хотир, 17 апрел  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таъкид намуданд, ки ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва модарону бонувони муҳтарами мо ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба Прокуратураи генералӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумат дар маҳалҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулин ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастур доданд, ки доир ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» тадбирҳои қатъии иловагӣ андешанд.

«Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд»,-афзуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj