Дабири кулли СММ пандемияи коронавирусро хатари возеҳ меҳисобад

0
117

Дабири кулли СММ пандемияи коронавирусро хатари возеҳ меҳисобад

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш хатари пандемияи коронавирусро хеле возеҳ меҳисобад ва аз давлатҳо даъват мекунад, ки барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

«Мо ҳанӯз пандемия надорем. Аммо хатари возеҳи пайдоиши он вуҷуд дорад. Ҳоло вақти он аст, ки аз ҳукуматҳо хоҳиш кунем, ки барои пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва ин корро ҳоло анҷом диҳанд», — гуфт Гутерриш зимни суханронӣ дар назди донишҷӯёни The new school дар Ню Йорк.

Вай иқрор шуд, ки аз ҳолати кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки бо норасоии захираҳо ҷиҳати мубориза бо вирус рӯ ба рӯ мешаванд, нигарон аст.

«Агар беморӣ аз зери назорат  барояд, мо ба мушкилоти ҷиддӣ дучор меоем. Ин ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири харобиовар хоҳад гузошт»,- илова намуд ӯ.

Источник: khovar.tj