Даҳ нафар зиёд гирифт: Парвандаи як ронандаи мусофиркаши “Спринтер” дар Душанбе

0
82

Даҳ нафар зиёд гирифт: Парвандаи як ронандаи мусофиркаши "Спринтер" дар Душанбе

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ба ҷавобгарӣ кашидани як ронанда барои зиёдатӣ бор кардани мусофирон хабар дод

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод Ронандаи ҶСК “Автоколоннаи 2927” Фахриддин Ҳусейнов ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо воситаи нақлиёти мусофиркаши ба иҷора гирифтаи тамғаи “Мерседес-Бенс Спринтер” аз ҷойи нишасти муқаррашуда ё меъёри пешбинишуда зиёд мусофир гирифтааст.

“Чунончи, номбурда 26 майи соли 2020 ҳангоми ҳаракат дар хатсайри №8 аз 21 ҷойи нишасти муҷаҳҳазшудаи воситаинақлиёташ 10 нафар мусофиронро зиёдатӣ савор намудааст, ки ин боиси норозигии мусофирони дигари дохили воситаи нақлиёташ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбат ба Фахриддин Ҳусейнов бо моддаи 320 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, номбурда аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Дар ҳамин ҳол мусофирон мегӯянд, ҳолати барзиёд бор кардан аз суи ронандаҳо ҳамарӯза мушоҳида мешавад ва камандар кам аз суи мақомот он назорат мешавад.

Иқбол як сокини пойтахт, ки ҳамарӯза аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарад мегӯяд, дар бораи аз меъёр зиёд нагирифтани мусофирон қарорҳои дахлдор аз шаҳрдорӣ то ВКД ҳаст, аммо он қариб, ки риоя намешавад.

Номбурда мегӯяд, агар санҷиш кунанд метавонанд дар як рӯз садҳо чунин парванда боз кунанд, аммо чунин баррасиҳои мақомот бештар дар пайи шикояти шаҳрвандон сурат мегирад.

Источник: sputnik-tj.com