Cуҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев

0
122

Имрӯз  байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат Сарвари давлати  дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.  

Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати дурандешона ва фаъолияти самараноки сулҳофарии Роҳбари давлати мо қайд намуд.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон ибрози сипос намуда, қайд кард, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар қолаби шарикии стратегӣ минбаъд низ тавсеа ёфта, қуллаҳои навро фатҳ хоҳанд намуд.

Источник: president.tj