COVID-19. ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАСТУРИ ТАБОБАТИ БЕМОРОНРО ДАР ШАРОИТИ ХОНА ТАСДИҚ ВА ПАҲН НАМУД. Тибқи он бемор, агар ҳарорати баданаш аз 38,5 дараҷа кам бошад, метавонад бо доруҳои тавсияшуда муолиҷа карда шавад

0
99

COVID-19. ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАСТУРИ ТАБОБАТИ БЕМОРОНРО  ДАР ШАРОИТИ ХОНА ТАСДИҚ ВА ПАҲН НАМУД. Тибқи он бемор, агар ҳарорати баданаш аз 38,5 дараҷа кам бошад, метавонад бо доруҳои тавсияшуда муолиҷа карда шавад

ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали методии муваққатии (алгоритми) табобати беморони COVID-19-ро дар шароити хона тасдиқ ва ба муассисаҳои маҳаллии тиббӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ ирсол намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар дастурамали мазкур  усулҳои табобати COVID-19 дар хона аз рӯи ҷараёни беморӣ ва амалҳои духтури Маркази саломатии шаҳрӣ (МСШ) ҳангоми ташхиси бемор бо сироятҳои шадиди вируси респираториро дарбар гирифта,  барои пешгирии паҳншавии коронавирус муайян шудааст.

Тибқи алгоритми табобати COVID-19, агар  дар бемор нафаскашии камтар аз 30 маротиба дар 1 дақиқа, таъминотнокии хун бо кислород Sp02 >90%, ҳуши равшан ва ҳароратбаландии камтар аз 5 рӯз  мушоҳида шавад, дар ин ҳолат бемор дар хона нигоҳубин карда мешавад.

Агар шумораи нафаскашии зиёда аз 30 маротиба, таъминотнокии хун бо кислород Sp02 <90%, табларзаи зиёда аз 5 рӯз ва ҳомиладорӣ дар бемор бошад, он гоҳ  ӯ бояд дар беморхона бистарӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки дастурамали методии муваққатӣ  бо мақсади ташкил ва пурзӯр намудани назорати эпидемиологии сирояти COVID-19, омодасозии сатҳи баланди муассисаҳои тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба  аҳолӣ тасдиқ шудааст.

Источник: khovar.tj