COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҳудуди ИДМ беш аз 95 ҳазор нафар гашт

0
118

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҳудуди ИДМ беш аз 95 ҳазор нафар гашт

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 14:30 24 апрел шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 6 489 нафар зиёд шуда, дар умум 95 129 касро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар қаламрави Иттиҳод 10 612 нафар беморони сироятёфта табобат шуда, 1 034 каси дигар вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар миёни давлатҳои аъзои ИДМ шумораи зиёди шахсони гирифтор ба COVID-19 дар Россия, ки дар ҷаҳон аз рӯи ин нишондод дар ҷойи 10-ум қарор дорад, ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз 5 849 ҳолати нав ошкор гардид. Дар умум дар Россия 68 ҳазору 622 нафар сироят ёфта, аз онҳо 5 568 нафар табобат шудаанд ва 615 кас фавтидаанд.

Дар Беларус ва Украина, ки баъд аз Россия дар ҳудуди Иттиҳод шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 8 022 ва 7 647 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 60 нафар фавтида, 938 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 193 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 601 нафар табобат шудаанд.

Дар Молдова 2 926 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 755 нафар шифо ёфтаанд ва 80 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморони сироятёфта мутаносибан 2 334,  1 778 ва 656 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон нисбат ба ду давлати дигари минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди фавти беморони гирифтор ба коронавирус бештар аст – 24 нафар. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 568 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 592 нафарро ташкил дода, 7 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 322 нафар табобат шуда, 8 каси дигар фавтидаанд.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Арманистон имрӯз 73 нафар зиёд шуда, ба 1 596 нафар расид. Дар он 728 нафар шифо ёфта, 27 каси дигар вафот кардаанд.

Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 548 нафар буда, аз онҳо 948 нафар табобат шудаанд ва 20 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 279 нафар буда, 179 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 42 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 736 ҳазору 160 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 191 ҳазору 421 нафар вафот карда, 751 ҳазору 781 кас шифо ёфтаанд ва 58 ҳазору 689 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (886 709 нафар), Испания (213 024), Италия (189 973), Франсия (158 183), Германия (153 129), Британияи Кабир (138 078), Туркия (101 790), Эрон (87 026) ва Чин (82 804) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Агентии иттилоотии «UzNews.uz»

Источник: khovar.tj