COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 200 ҳазор нафар гардид

0
75

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 200 ҳазор нафар гардид

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати соати 9:30 11 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 4 миллиону 181 ҳазору 21 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 493 ҳазору 401 кас шифо ёфтаанд ва 283 ҳазору 868 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 367 638 нафар), Испания (264 663), Италия (219 183), Британияи Кабир (219 070), Россия (209 688), Франсия (176 970), Германия (171 879), Бразилия (162 699), Туркия (138 657) ва Эрон (107 603) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (256 336 нафар), Испания (176 439), Германия (145 600), Италия (105 186), Туркия (92 691), Эрон (86 143), Чин (78 144), Бразилия (64 957), Франсия (56 217) ва Россия (34 306) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (80 787 нафар), Британияи Кабир (31 855), Италия (30 560), Испания (26 621), Франсия (26 380), Бразилия (11 123), Белгия (8 656), Германия (7 569), Эрон (6 640) ва Нидерланд (5 440) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Источник: khovar.tj