COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллион нафар наздик мешавад

0
102

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон  ба 4 миллион нафар наздик мешавад

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати соати 9:30 8 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 917 ҳазору 619 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 344 ҳазору 152 кас шифо ёфтаанд ва 270 ҳазору 720 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 292 623 нафар), Испания  (256 855),  Италия (215 858), Британияи Кабир (206 715), Россия (177 160), Франсия (174 791), Германия (169 430), Бразилия (135 773), Туркия  (133 721)  ва Эрон (103 135) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (217 250 нафар), Испания (163 919), Германия (141 700), Италия (96 276), Туркия (82 984), Эрон (82 744), Чин (77 993), Бразилия (55 350), Франсия (55 027) ва Канада (28 972 нафар )    шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (76 928 нафар), Британияи Кабир (30 615), Италия (29 958), Испания (26 070), Франсия (25 987), Бразилия (9 190), Белгия (8 415), Германия (7 392), Эрон (6 486) ва Недерланд (5 288) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Reuters

Источник: khovar.tj