COVID-19. Рӯзҳои санитарӣ дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе то 15 июн тамдид карда шуданд

0
75

COVID-19. Рӯзҳои санитарӣ дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе то 15 июн тамдид карда шуданд

ДУШАНБЕ, 30.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи  саломатии сокинони пойтахт ва пешгирии бемории сироятии коронавирус қатъи фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Акс аз манбаъҳои дастрас

Источник: khovar.tj