COVID-19. Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

0
116

COVID-19. Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ҷаласаи ситоди доимоамалкунанда баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

COVID-19. Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри БӯстонДар машварати корӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ,  масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва дигар масъулин ширкат намуданд.

Зимни машварат  сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Умедҷон Абдуллоев оид ба вазъи пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳисобот дод.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷиҳати пурзӯр намудани гардиши хонагӣ аз ҷониби табибони оилавӣ, таъмин намудани мутахассисон бо лавозимоти зарурӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, даъвати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва амсоли он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр шуд, ки ҳамарӯза дар шаҳр вазъият зери назорат қарор дошта, фаъолияти масъулин тақвият меёбад.

Источник: khovar.tj