COVID-19. Кумакҳои башардӯстонаи давлатҳои Кувайт ва Исроил ба Тоҷикистон расиданд

0
53

COVID-19. Кумакҳои башардӯстонаи давлатҳои Кувайт ва Исроил ба Тоҷикистон расиданд

ДУШАНБЕ, 06.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн  тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе расиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 22 тонна кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним   аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 иборат мебошанд.

Инчунин, соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор либоси муҳофизатии тиббиро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Дар ин росто, 2 июн кумаки башардӯстонаи Давлати Исроил иборат аз 4000 адад ниқоби тиббӣ, 500 адад камбизонҳои ҳимоявӣ ва 35 адад ҳароратсанҷи барқӣ барои мубориза бо бемории сироятии коронавирус аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» ба Тоҷикистон расид.

                                                                                                АКС аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj