COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой ба табобати беморон шуруъ мекунад

0
136

COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар заминаи бинои навсохти  Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ   беморхонаи муваққатӣ барои табобати беморони гирифтори коронавирус бо 500 ҷой барои беморон ва 150 ҷой барои табибон  мавриди истифода қарор  дода мешавад.

Субҳи имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳолати беморхона ва шароити он дидан намуданд.

Тавре каблан  хабар дода будем, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус — COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад

ДАР АКС: сардухтури Беморхонаи муваққатӣ Тӯрахон Шарифзода

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати зиддиэпидемиологӣ  ва тадбирҳои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) таҳти назорати доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус    қарор дорад.

Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳлука наафтанд ва қоидаҳои  шахсии беҳдоштиро  пайваста риоя намоянд.

COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунадCOVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунадCOVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунадCOVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад COVID-19. Имрӯз дар заминаи Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой  ба  табобати беморон шуруъ мекунад

ДАР АКСҲО: шароит дар Беморхонаи муваққатӣ

P.S. Қоидаҳои беҳдоштии шахсиро, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия додааст, дар саҳифаи аввали сомонаи АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикию русӣ мутолиа кунед.

Источник: khovar.tj