«COVID-19». Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар кумак хоҳад кард

0
184

«COVID-19».  Хазинаи байналмилалии асъор  ба Тоҷикистон  189,5 миллион доллар кумак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 07.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои иҷроияи Хазинаи  байналмилалии асъор ба Тоҷикистон ҷудо намудани 189,5 миллимон долларро тибқи  низоми  қарздиҳии тезонидашуда дар иртибот ба мубориза бо пандемияи «COVID-19» тасдиқ кард. Дар ин бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба такя ба Департаменти робита бо ҷомеаи Хазинаи байналмилалии асъор иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои қонеъ гардонидани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи «COVID-19» равона мешавад.

Ҳамзамон тибқи хабари сарчашма Хазинаи байналмилалии асъор таъкид намудааст, ки ин кумак ба таъмини суботи вазъи иқтисоди ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имкониятҳо барои хароҷоти  соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба «COVID-19»  нигаронида мешавад.

Источник: khovar.tj