COVID-19: Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Германия ҷиҳати мубориза зидди пандемия кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштӣ расонид

0
79

COVID-19: Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Германия  ҷиҳати мубориза зидди пандемия кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштӣ расонид

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Германия дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 тонна кумаки озуқаворӣ ва беҳдоштиро бо арзиши 33 ҳазор евро ба ноҳияҳои Шаҳритузу Айнӣ таҳвил дод. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кумаки башардӯстона дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои осебпазир тақсим карда шуд. Дар ноҳияи Шаҳритуз 3000 оилаи дорои узви маъюб маҷмӯи беҳдошти шахсӣ, иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ дарёфт намуданд. Аз миёни оилаҳои манфиатбаранда 700 хонаводаи камбизоат дар Шаҳритуз илова бар маҷмӯи беҳдоштӣ, инчунин бастаи озуқавории дорои орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гӯгирд дастрас намуданд.

Ҳамчун чораи эҳтиётӣ 70 корманди тавонбахшӣ ва волонтёр дар Шаҳритуз, ки ба раванди тақсимот ҷалб гардида, минбаъд низ кори худро бо шахсони маъюб дар давраи пандемияи COVID-19 идома медиҳанд, бо маҷмӯи муҳофизатии шахсии иборат аз ниқобу дастпӯшакҳои яккарата ва маҳлули безараргардониву сачоқчаҳои намнок таъмин карда шуданд.  Ин амали хайрия бо мақсади эмин нигоҳ доштани оилаҳои осебпазир, алалхусус шахсони маъюб аз сирояти коронавирус анҷом дода шуд.

Источник: khovar.tj