COVID-19 ДАР ТОҶИКИСТОН. Шумораи гирифторони коронавирус ба 128 нафар расид

0
140

COVID-19 ДАР ТОҶИКИСТОН. Шумораи гирифторони коронавирус ба 128 нафар расид

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 4 май шумораи гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 128 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 2 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки то 2 май дар Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрел 15 ҳодисаи нахустини бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон, аз ҷумла 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ва 5 ҳодиса дар шаҳри Душанбе расман тасдиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Источник: khovar.tj