COVID-19. Дар Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъӣ сохта шуд

0
78

COVID-19. Дар Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъӣ сохта шуд

ДУШАНБЕ, 21.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони соҳаи тибби мамлакат дар якҷоягӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъиро  ба истифода доданд.  

Ин дастгоҳро   табибон дар Беморхонаи  ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе якчанд муддат озмоиш намуданд.

Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки  ин дастгоҳ пурра ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии стандартӣ ҷавобгӯ буда, барои бемороне, ки аз нафастангӣ душворӣ мекашанд, пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизот бо неруи барқ фаъолият намуда, 5 кг вазн дорад.

Ба иттилои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, таҷҳизоти  нафасдиҳии сунъӣ аллакай дар Беморхонаи  ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе  дастрас гардида, аз он барои осон гардидани нафасгирии беморон истифода бурда мешавад.

Дар вазъияти имрӯза, ки қисме аз сокинони мамлакат гирифтори бемории сироятии коронавирус ҳастанд, ихтирои чунин дастгоҳ зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Зеро яке аз нишонаҳои бемории сироятии коронавирус ин- нафастангӣ аст.  Таҷҳизоти нафасдиҳии  сунъӣ барои кумаки беморони сироягирифтаи ин вируси хатарнок басо ёрирасон аст.

Олимони мамлакат аз рӯзҳои аввали паҳн гардидани бемории сироятии  коронавирус ба ихтирои маҳлулу дастгоҳи  ёрирасони нафасдиҳии сунъӣ шурӯъ намуданд, ки кӯшишҳои онҳо бенатиҷа намонд. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бори аввал дар мамлакат истеҳсоли гипохлориди натрий ва оби нуқра низ аз ҷониби олимони мамлакат ба роҳ монда шуд.

Тавре академик Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҳамзамон дар ин муддат аз ҷониби олимони тоҷик ду навъи дору истеҳсол гардидааст, ки яке барои баланд намудани имунитети  одам ва дуюмин барои нест намудани микробҳо дар организм пешбинӣ шудаанд. «Ин доруҳо «Камолид» (аз решаи камол) ва «Седармона» (аз се гиёҳ) омода шуда, хосияти зиддивирусӣ ва баландбардории иммунитетро доранд», — гуфт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Зикр гардид, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  пурра истеҳсоли ватанӣ буда, он мувофиқ ба талаботи имрӯза сохта шудааст.  Масъулин  тасмим  доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи чунин дастгоҳи нафасдиҳиро зиёд намоянд.

Источник: khovar.tj