COVID-19. Дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

0
82

COVID-19.  Дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 30.05.2020/АМИТ «Ховар»/. То соати 17:40 дақиқаи 30 май  дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, то 30 май дар мамлакат 2076 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 375 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Источник: khovar.tj