COVID-19. Дар Тоҷикистон 1395 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд

0
104

COVID-19. Дар Тоҷикистон 1395 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 25.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 19:00 дақиқаи 25 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 25 май дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

ДАР АКС: ҷараёни рухсат шудани шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан аз беморхона. АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: khovar.tj