COVID-19. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуд

0
59

COVID-19. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуд

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба таври фаврӣ расонидани кумаки машваратию маслиҳатӣ ба мутахассисони беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо, ки дар самти ташхис ва табобати беморони гирифтор ба коронавирус (COVID-19)  фаъолият  мекунанд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат. 

Маркази мазкур ба таври мустақим фаъолият менамояд.

Ба ҳайати машваратии ин марказ сармутахассисони соҳавии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз қабили эҳёгарон, пулмонологҳо, сироятшиносон, рентгенологҳо ва эпидемиологҳо шомил мебошанд.

Маркази тиббии зеҳнӣ ҳамарӯза аз соати 14 то 17 ба таври мустақим (он-лайн) фаъолият хоҳад кард ва табибон аз  саросари Тоҷикистон метавонанд бо он тамос гиранд.

Источник: khovar.tj