COVID-19 ДАР ҶАҲОН. То имрӯз беш аз 3,5 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

0
109

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. То имрӯз беш аз 3,5 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 566 ҳазору 330 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 154 ҳазору 72 кас шифо ёфтаанд ва 248 ҳазору 286 тан фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 188 ҳазору 122 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 68 ҳазору 598 нафар ва шумораи шифоёфтагон 178 ҳазору 263 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 247 ҳазору 122 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 533 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 25 ҳазору 264 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 148 ҳазору 558 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 210 ҳазору 717 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 28 ҳазору 884 нафар ва 81 ҳазору 654 кас мебошад.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 186 ҳазору 599 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 28 ҳазору 446 нафар мебошад.

Дар Франсия 168 ҳазору 693 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 24 895 ҳолати фавт ва 50 784 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 165 ҳазору 664 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 866 ва теъдоди шифоёфтагон 130 600 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Туркия пеш гузашта, дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум қарор гирифт, дирӯз 10 633 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 134 687 кас расид. Аз ин шумора 16 639 нафар табобат шуда, 1 280 кас фавтидаанд.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 126 ҳазору 45 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 397 ва 63 151 нафар мебошад.

Дар Бразилия, ки баъд аз Чин Эронро низ пас гузошт ва аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон ба ҷойи 9-ум баромад, 101 826 ҳолат тасдиқ шуда, аз онҳо 7 051 нафар фавтидаанд ва 42 991 кас сиҳат шудаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 97 ҳазору 424 нафарро ташкил дода, аз онҳо 6 ҳазору 203 нафар вафот кардаанд ва 78 ҳазору 422 кас сиҳат шудаанд.

Дар Чин, ки бемории мазкур бори аввал дар он хуруҷ карда буд, 82 ҳазору 880 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 766 тан шифо ёфтаанд.

Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 16 705 ҳолат, Украина – 11 913, Молдова – 4 121, Қазоқистон – 3 964, Арманистон – 2 386, Ӯзбекистон – 2 149, Озарбойҷон – 1 932, Қирғизистон — 830 ва Тоҷикистон – 128 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардидааст.

То имрӯз дар Беларус  3 196 нафар, Украина — 1 548, Озарбойҷон — 1 441, Молдова – 1 382, Ӯзбекистон – 1 319, Қазоқистон – 1 084, Арманистон  – 1 035 ва Қирғизистон – 575 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 288 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 125, Беларус – 99, Арманистон – 35, Қазоқистон – 27, Озарбойҷон – 25, Ӯзбекистон — 10, Қирғизистон — 10 ва Тоҷикистон — 2 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 2 704 нафар буда, 345 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 85 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 27 011 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 184 ҳолати фавт ва 4 134 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қатар 15 551 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 12 кас вафот кардаанд ва 1 664 нафар табобат шудаанд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 14 163 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 126 ва 2 763 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 429 нафар. Шумораи сироятёфтагон 6 465 нафар ва шифоёфтагон 1 562 касро ташкил медиҳад.

Теъдоди мубталоён дар Ироқ 2 296 нафар буда, шумораи фавтидагон 97 нафар ва табобатшудагон 1 490 кас мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 383 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 718 кас шифо ёфтаанд.

Дар Кувайт 38 ҳолати фавт сабт гардида, 4 983 нафар сироят ёфтаанд ва 1776 кас табобат шудаанд.

Шумораи мубталоён дар Сурия 44 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 27 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Источник: khovar.tj