COVID-19. Қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либос дар шаҳри Душанбе то 31 май тамдид карда шуд

0
34

COVID-19. Қатъи  фаъолияти бозорҳои фурӯши либос дар шаҳри Душанбе то 31 май тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар шаҳри Душанбе то 31 майи соли 2020 тамдид карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани  фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳрро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 тамдид намуд», — илова намуд манбаъ.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

                                                        АКС аз манбаъҳои дастрас

Источник: khovar.tj