«Cомон Эйр» тасмим дорад боз 5 адад чархбол харидорӣ намояд

0
207

«Cомон Эйр» тасмим дорад боз 5 адад чархбол харидорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 08.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати «Эйрбас» ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонид. Дар доираи санади мазкур «Сомон Эйр» тасмим дорад илова ба чархболи Н125, ки аллакай вориди Душанбе гардидааст, 5 адад чархбол-як чархболи H125, ду чархболи H130, ду чархболи  H175 ва ҳавопаймоҳои нави «Airbus» харидорӣ намояд. Ёддошти ҳусни тафоҳум 7 ноябр дар шаҳри Париж зимни вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия ба тасвиб расид.

Қаблан ширкати «Сомон Эйр»  чархболи Airbus Helicopters Н125 харидорӣ намуда буд, ки он дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофирон дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.

«Cомон Эйр» тасмим дорад боз 5 адад чархбол харидорӣ намояд

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Дар ин робита чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат, ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, ҳамчунин чархболи H125 иборат мебошад.

Источник: khovar.tj