Чин эълон кард, ки коронавирус дар Ухан дигар вуҷуд надорад

0
109

Чин эълон кард, ки коронавирус дар Ухан дигар вуҷуд надорад

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии тандурустии Чин, субҳи 27 апрел дар музофоти Хубей ва маркази маъмурии он Ухан, ки маркази паҳншавии эпидемия ҳисобида мешавад, ҳолатҳои нави сироятёбӣ ва марги COVID-19 ба қайд гирифта нашудаанд, менависад “Интерфакс”.

Рӯзи якшанбе, 12 нафар беморони охирин, ки қаблан бо сирояти коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буданд, аз беморхонаҳои Ҳубей ва Ухан ҷавоб дода шуда буданд.

Аз моҳи декабри соли гузашта дар Хубей 4 512 нафар қурбони коронавирус гардиданд (дар Ухан — 3869) ва шумораи мубталоёни вирус ба 68 ҳазору 128 (дар Хуан — 50 333) нафар расид.

Маркази эпидемияи коронавирус шаҳри Ухани Чин гардида буд. Бори аввал коронавируси COVID-19 дар бозори шаҳри Ухан ошкор карда шуд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj