Чаро дарёчаи Оби лояк ба партовгоҳ табдил ёфтааст? Ва ё бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод

0
212

Чаро дарёчаи Оби лояк ба  партовгоҳ табдил ёфтааст? Ва ё бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод

ФАЙЗОБОД, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулин сабабҳои ба  партовгоҳ табдил  ёфтани дарёчаи Оби лояк, ки аз маркази ноҳия мегузарад ва  то се моҳ тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкуниро пурсон шуд.  

Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ  аз фаъолияти  масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҷамоати шаҳраки Файзобод ва Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки аз паст будани маърифати экологии баъзе сокинон ин мушкилот  дар дарёчаи Оби лояк ба таври ҳамешагӣ мушоҳида мешавад.

Вале бо сабабҳои гуногун масъулини сохторҳои мавҷуда ба таври дақиқ ба саволҳои хабарнигор ҷавоб нагуфтанд.

Тибқи иттилои сокинони ноҳия, дарёчаи Оби лояк дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ва зимистон ба партовгоҳи асосии маркази ноҳия табдил меёбад. Масъулини ноҳия интизор мешаванд, ки дар фасли баҳор дарёча сероб шуда, баъди омадани сел даҳҳо ҳазор куб   партовро худаш тоза намояд. Вале онҳо худ ташаббус нишон дода, барои зиёд намудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар шафати ин дарёча ва сари вақт тоза намудани ин нуқтаҳо ҳеҷ иқдоме пеш намегиранд.

Қобили  зикр  аст, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дуруст мебуд агар соҳили ин дарёча тоза нигоҳ дошта шуда, баҳри баланд бардоштани  маърифати экологии сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи масъулин роҳандозӣ гардад.

Чаро дарёчаи Оби лояк ба  партовгоҳ табдил ёфтааст? Ва ё бардошт аз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод

Источник: khovar.tj