«CHAKAN FASHION SHOW»-таҳти ин унвон дар Душанбе намоиши Чакан доир мегардад

0
202

«CHAKAN FASHION SHOW»-таҳти ин унвон  дар  Душанбе намоиши  Чакан доир мегардад

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. З март дар шаҳри Душанбе намоиши коллексияи нави «Хонаи мӯд»-и тарроҳи шинохта Хуршед Сатторов таҳти унвони «CHAKAN FASHION SHOW»   доир мегардад. Намоиши мазкур  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад. Дар ин бора тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов ба АМИТ мухбири «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки «чакан – ин дунёи рангини зебоиҳои ҷаҳон аст, ки тавассути рангбозии риштаву сӯзан дӯхта шуда, бо нақшу нигори нодири худ одамонро ба ваҷд меорад. Чун фасли баҳору Наврӯз фаро мерасад, мо тасмим гирифтем коллексияи нави чаканро  доир намоем, зеро чакан рамзи баҳор дониста мешавад».

Ба андешаи Хуршед Сатторов, ҳар як ранги риштаи дар рӯи матоъ дӯхташуда тасвири зебоии сарзамини маҳбуби мост, ки метавонад умед ба оянда, хушбахтӣ ва озодиро дар дили бинанда бедор созад.

Маҷмӯи нави «Чакан» арзиши олии бадеӣ мебошад, ки дар ҷаҳони санъати ороишӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ва ин зебоиро  на танҳо ҳифз, балки рушд бояд дод.

Шояд ҳамин хусусиятҳои хоси чакан буд, ки гулдӯзии чакани Тоҷикистон ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО шомил шуд ва барои намоиш аз чаканҳои тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов низ 20 нусха ба созмони мазкур бурда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки «CHAKAN FASHION SHOW»  3 март, соати 1800 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» баргузор мегардад.

Источник: khovar.tj

We cannot display this gallery