ЧӢ ТАВР ХУДРО БОЯД АЗ КОРОНАВИРУС ЭМИН НИГОҲ ДОШТ? Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд

0
147

ЧӢ ТАВР ХУДРО БОЯД АЗ КОРОНАВИРУС ЭМИН НИГОҲ ДОШТ?   Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ тавр бояд худро аз коронавирус эмин нигоҳ дошт? Дар ин мавзӯъ  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинони маҳаллаҳои «Фирӯз», «Шафтолузор»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона» доир  намуд. Дар ин бора аз Кумитаи  мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар рафти корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби кормандони Кумита бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории каронавирус, худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рӯз  суҳбат гузаронида шуд.

Ҳамчунин ба сокинони пойтахт дар ҳолатҳои зарурӣ чӣ тавр ва ба куҷо муроҷиат намудан  ва  нишонаҳои пайдошавии бемории сироятии коронавирус фаҳмонида шуда,  ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ  тақсим гардид.

Чунин  суҳбату вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаи «Заргар» ва дигар щаҳраку маҳаллаҳои  ноҳияи мазкур   ба роҳ монда мешаванд.

Источник: khovar.tj