Чӣ гуна духтарчаи дусола аз дохили ҳаммоми дарбаста наҷот дода шуд

0
146

Чӣ гуна духтарчаи дусола аз дохили ҳаммоми дарбаста наҷот дода шуд

Дар шаҳри Душанбе духтарчаи дусола аз дохили ҳаммоми дарбаста аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода наҷот дода шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар боз кардани чанд  дари баста кумак расонанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, шаби 10-уми ноябри соли 2019 дар Қисми навбатдории КҲФ сокини ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат кардааст.

“Зани ҷавон бо як изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки бо сабабҳои барояш номаълум  дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он духтарчаи дусолааш мондааст”, – гуфтааст зан..

Манбаъ афзуда, ки зан ҳарчанд талош кардааст, дарро боз кунад, кғшишаш бенатиҷа будааст.

“Наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар кутоҳтарин фурсат худро ба суроғаи номбурда расонданд ва дарро бе ягон осеб кушода, тифлакро солим ба модараш доданд”, – омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин, шаби гузашта, дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дар баста шудааст ва онҳо мустақилона натавонистаанд онро боз кунанд.

Кормадони КҲФ баъди даъват фавран ба маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва имкони вуруди сокинонро фароҳам оварданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолати фавқулода бо телефонҳоим 112 ва ё 93 880 28 19 хабар расонанд.

Источник: sputnik-tj.com