Бозори наздисарҳадии ВМКБ дарҳои худро боз мекунад

0
129

Бозори наздисарҳадии ВМКБ дарҳои худро боз мекунад

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фаъол шудани бозори наздисарҳадии Тем дар шаҳри Хоруғ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бозори наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарҳои худро барои сокинон боз мекунад.

“Ба диққати сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва тоҷироне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ ба тиҷорат машғул ҳастанд расонида мешавад, ки барои хубтар ба роҳ мондани соҳибкорӣ ва тиҷорат бозори наздисарҳади Тем барои тоҷирон дарҳои худро боз мекунад”, – хабар медиҳад мақомоти ВМКБ.

Гуфта мешавад, ки соҳибкорон метавонанд дар бозори наздисарҳадии Тем тиҷорати худро бо иҷорапулии нисбатан арзон ба роҳ монанд.

Мақомот мегӯяд, соҳибкорон метавонанд, оиди ин масъала ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ муроҷиат намоянд.

Источник: sputnik-tj.com