БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Хуросон ороишоти тиллоӣ бо тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, пайдо гардид

0
234

БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Хуросон ороишоти тиллоӣ бо тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, пайдо гардид

ДУШАНБЕ, 07.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Зимни  ковишҳои бостоншиносӣ  дар харобаҳои шаҳри қадимаи Халқаҷари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар натиҷаи  сағонаҳои дар кӯҳ кандашудаи кушонӣ, боқимондаҳои қабри як ашрофи сарватманд, хонаҳои истиқоматӣ, хуму кӯзаҳо, аз ҷумла бо тасвири одам ва шер, сикка ва ғайра пайдо карда шуданд.Дар ин бора доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ  ба АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Ба гуфтаи  доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ,    дар яке аз гӯрҳо сиккаи шоҳи кушонӣ Васудева ёфт шудааст, ки ба асри  III-и  мелод тааллуқ дорад. Муҳимтарин бозёфт ороишоти тиллоие мебошад, ки бо санги ақиқ ва тасвири кентавр  — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, зиннат ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳалқаҷар яке аз шаҳрҳои тараққикардаи замони Кушониён буда, сокинони маҳаллӣ дар вақти кишту кор аз атрофи он шумораи зиёди сиккаҳои кушонӣ ва дигар асбобҳои бостонӣ пайдо кардаанд. Аз ҷумла, соли 1999 дар инҷо як ганҷинаи сиккаҳои тиллоии шоҳи Кушониён Ҳувишка ёфт шуда буд. Омӯзиши ин ёдгории нодир имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик дар дар замони Кушониён (а. II п.м. —  III мелод) кушода  ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мавзеи мазкур  бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  доктори илмҳои таърих  Давлатхоҷа Довудӣ  ва  директори  осорхона Абдувалӣ Шарифзода, корманди он  Фаррух Сафоев  аз 23 апрел  ковишҳои бостоншиносӣ оғоз гардида, он  то 23 май  идома меёбад.

БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Хуросон ороишоти тиллоӣ бо тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, пайдо гардид БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Хуросон ороишоти тиллоӣ бо тасвири кентавр — ҷонвари тахаюлӣ, ки аз миён болояш одам ва аз миён поёнаш асп аст, пайдо гардид

Источник: khovar.tj