Боздошти сокини 35-солаи Исфара бо ҷурми ғоратгарӣ

0
136

Боздошти сокини 35-солаи Исфара бо ҷурми ғоратгарӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 35-солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад. Ӯ дар дуздӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нефтободи шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Ин мард, рӯзи 23-юми апрели 2020, тахминан соати 20:30, дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри мазкур ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нефтободи ҳамин шаҳр, ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш ба аъзои баданаш задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com