Боздошти раҳбари ҶДММ “Имкон-2015” барои ҷалби “ғуломӣ”-и зани 43 сола дар Саудӣ

0
57

Боздошти раҳбари ҶДММ “Имкон-2015” барои ҷалби "ғуломӣ"-и зани 43 сола дар Саудӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти раҳбари ҶДММ “Имкон-2015” хабар медиҳад, ки бо ҷурми хариду фуруши одамон муттаҳм мешавад

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, соли 2017, ширкати ҶДММ “Имкон-2015”-ро ташкил намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромада, номбурдаро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурда, муддати зиёда аз шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор додааст.

Манбаъ мегӯяд, тули шаш моҳ ҳуқуқҳои зани тоҷикро ба пуррагӣ маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com