Боздошти духтари 22 – сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад – навор

0
109

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муаллифони навори даҳшатборро боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik.Наворе, ки бегоҳи рӯзи 6 – уми июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ,аксари корбаронро аз тарзи рафтор ва гуфтори се ҷавондухтар ғазабонӣ кард.

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор акс аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри ДушанбеХолиқова Шаҳноза Саидмуродовна гумонбари асосӣ дар латукӯби Ваҳобова Гулнора

Котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе менависад,  навори мазкурро корбарон ба идораи пулис таслим намуда, дархост карданд, ки дастандаркорони ин навор дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Кормандони РУД дар шаҳри Душанбе тақрибан пас аз 20 дақиқаи ба шабакаҳо роҳ ёфтани навор, муаллифони онро боздошт карданд. Навор аз саҳнаи латукӯб ва ҳақоратҳои гӯшхарош иборат аст.

Бар тибқи иттилои манбаъ, се ҷавонзан: ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.

Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм, нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова ҷабрдидаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ӯро мебурад.

“Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд”, – таъкид мешавад дар хабар.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси далелҳои дар боло овардашуда, айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Источник: sputnik-tj.com