Боздошти 11 нафари мусаллаҳ бо силоҳи сард дар Душанбе

0
173

Боздошти 11 нафари мусаллаҳ бо силоҳи сард дар Душанбе

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон давоми се рӯзи амалиёти “Корд” аз сокинони пойтахт даҳҳо адад корду кастет мусодира карданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Кормандони пулиси пойтахт давоми се рӯзи амалиёти шартии “Корд” 11 нафарро барои мусаллаҳ будан бо силоҳи сард дастгир намуданд ва алайҳи онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуданд.

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, аз санаи 27 – уми ноябр то 1 – уми декабри соли равон, 11 нафар ҷавонон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд.

Гуфта тмешавад, дар марҳилаи навбатии амалиёт аз 11-нафар шаҳрвандон 10-адад корд, 2-адад кастет ва як адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуданд.

Раёсати ВУД ҳушдор медиҳад, аз нафароне, ки силоҳҳои сард мусодира шуд дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ метавонанд аз он истифода кунанд ва  ҷиноятҳои вазнин содир кунанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла ҷазо дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Аз ин хотир, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки “то охирин лаҳза ва пурра решакан намудани ин амали номатлуб мубориза бурда, амалиёти ҳадафмандонаро дар ҳудуди пойтахт идома медиҳад”.

Источник: sputnik-tj.com