Боздиди Файзов аз иншооте, ки Раҳмон дар Хоруғ мекушояд-аксҳо

0
48

Боздиди Файзов аз иншооте, ки Раҳмон дар Хоруғ мекушояд-аксҳо

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз як қатор иншооте, ки дар шаҳри Хоруғ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кушода мешаванд, дидан кард

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ,  сохтмони театри вилоят барои 1000 ҷойи нишаст, бинои Бонки амонатгузории “Амонатбонк” дар вилоят, сохтмони майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ, Сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълими рақами 8 дар маҳаллаи Хоруғи боло аз ҷумлаи иншооте мебошанд, раисиҷумҳур зимни сафар ба Хоруғ ифтитоҳ хоҳад кард.

Манбаъ афзуд, ки инчунин Маркази Савдо дар бозори 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар иншооте, ки дар ҷараёни сохтмон қарор доранд, мавриди истифода қарор дода шуда,  хишти аввали пули “Селхозтехника” гузошта хоҳад шуд, ки барои пешгирии танбашавии нақлиёт дар маркази шаҳри Хоруғ мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои котибот, Файзов аз сохтмончиён сифати хуби кориро талаб намуда, баён дошт, ки иншоот бояд бо стандартҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд ва тавонанд солҳои зиёд ба мардум хизмат намоянд.

Источник: sputnik-tj.com