Боздид аз Пойтахти нави маъмурии Миср

0
66

11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нав муаррифӣ карда шуд.

Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр новобаста аз он, ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст.

Пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ.

Аз ҳозир баъзе чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ ва баъзан маҷлисҳои Ҳукумати Миср дар пойтахти нав гузаронда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70 км самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар-шаҳри Қоҳира ва 65 км аз соҳили баҳри Сурх қарор дорад.

Зарурати бунёди ин шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, зеро дар ҳудуди он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нави маъмурии Ҷумҳурии Арабии Миср ба кишвари дӯст шукуфоӣ ва мардуми Миср комёбиҳо орзу карданд.

 

Источник: president.tj