Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор

0
137

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Сангвор сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ноҳияи Сангвор бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд амалӣ мегардад ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд шудааст.

Источник: president.tj