Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод

0
261

Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.

Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд.

Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешавад.

Дар намоишгоҳи кишварзони ноҳияи Мӯъминобод каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, боймиҷон, қаламфӯр, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ба намоиш бароварда шуд.      Дар ноҳияи Мӯъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад.

Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лубиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ, зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Источник: president.tj