Боздид аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон

0
67

26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев сурат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар – Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.

Барои доир кардани намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон интиқол дода шудаанд.

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хурокворӣ ба монандӣ нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандони Қазоқистон карда мешавад.

Инчунин, ҳунарҳои мардумӣ аз ҳама минтақаҳои кишвар дар намоишгоҳ-ярмарка пешкаш мешавад.

Ҷиҳати муаррифии расму оини миллати тоҷик, нигораҳои миллӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, либосҳои миллии занона ва мардона муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон, дар се шаҳри калони Қазоқистон гушаҳои таомҳои миллӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун ва нонҳои ҳархела омода ва пешкашӣ сокинону меҳмонони чорабинӣ карда мешавад.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ ва ярмарка фурӯши молу маҳсулот, барои фароғати меҳмонон ва ҷиҳати муаррифии фарҳанги кишвар, барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Майдони умумии намоишгоҳ-ярмарка дар шаҳри Остона 7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат 40 хаймаи барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардидаст.

Дар шаҳри Алмаато дар масоҳати 1 гектар намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди майдони намоишгоҳ 10 адад хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ сохта шудааст.

Масоҳати замини намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Чимкент бошад, 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 16 хайма барои маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта гардидааст.

Баргузории чорабиниҳо агар аз як ҷониб шиносоии фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷик ва муаррифии дастовардҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии бевоситаи Сарони ду давлат амалӣ мешавад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Источник: president.tj